Duration 15:33

Меҳрафрӯзамро ёбед, илтимос

574 806 watched
0
9.5 K
Published 23 Apr 2020

Ин модари бечора аз 4 - уми апрел то имрӯз аз ғами дурии духтараки зебою яктояш зор - зор мегиряд. Бино ба гуфтаи ин модари бечора, духтараш Меҳрафрӯз дар курси аввали шуъбаи ғоибонаи яке аз факултаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекардааст. Меҳрафрӯз ҳамроҳи модараш дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 - и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳайси лаборант кор карда, зиндагиашонро пеш мебурданд. Рӯзи 4-апрел Меҳрафрӯз либоси зебои чакан ба бар карда, ҳамроҳи дугонаҳояш ба базми гулҳои Боғи ба номи С. Айнӣ рафту дигар барнагашт. Модараш зимни суҳбат гуфт, ки "духтарам бомаънию сархам буд ва аз даҳонаш гап намебаромад. То ба ин рӯз бо ягон бачаи бегона гап заданашро надида будам. Агар бовар накунед омада аз ҳама ҳаққу ҳамсоя ва ҳамкоронамон пурсед". Сомонаи "Оила" аз он нафароне, ки ин духтаракро дар ҷое дидаанд ва ё дар борааш чизе медонанд, хоҳиш менамояд, ки ба рақамҳои боло тамос гиранду дар ёфтани Меҳрафрӯз ба модари ҷигарсӯхтааш ёрӣ расонанд.

Category

Show more

Comments - 3747